Нилуфар Азизова аз Тоҷикистон барандаи финали махсуси озмуни телевизиони «Central Asia’s Got Talent» гардид

Июль 13, 2022 17:38

ДУШАНБЕ 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нилуфар Азизоваи 15-сола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи финали махсуси озмуни телевизиони «Central Asias Got Talent» («Осиёи Марказӣ истеъдодҳоро меҷуяд») гардида, ҷоизаи пулии 1 миллион танга (ҳудуди 2100 доллар)-ро ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Central Asia’s Got Talent» иттилоъ медиҳад.

Дар озмун намояндагони панҷ кишвар – Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Созмондиҳандагони  лоиҳа тасмим гирифтанд, ки сюрпризи ғайричашмдошт кунанд ва финали махсус эълон намуданд, ки дар он бояд як ғолиби дигар муайян карда шавад. Барои бисёре аз ширкаткунандагон ин қарори ҳакамон шонси дуюми ғолибият дар озмун буд.

Аз миёни номзадҳо ҷолибтарин намоишномаҳо интихоб шуданд, ки дар миёни онҳо композитсияи «Ман худамро нағз ҳис мекунам»-и Ҷеймс Браун дар иҷрои Нилуфар Азизова буд, ки дар даври ниманиҳоӣ иҷро кардааст.

Гуфта шуд, ки овози зебо, гуногунҷанбаӣ дар иҷро, ошкорбаёнӣ ва самимияти овозхони ҷавони тоҷик дили миллионҳо тамошобинонро тасхир кард ва ӯ бо гирифтани аксари овозҳо барандаи финали вижа гардид.

Нилуфар аз синни 6-солагӣ таҳти роҳбарии Тахмина Рамазонова, сарояндаи  гурӯҳи «Авесто», ки ӯро ба ин озмун омода кардааст, овозхонӣ менамояд. Ӯ инчунин мактаби мусиқии фортепиано ва скрипкаро хатм намуда,  дар конкурсу консертхои гуногуни мусиқӣ фаъолона иштирок мекунад.

Ӯ барои ширкат дар озмуни «Ситораҳои Тошканд», ки моҳи октябри соли равон баргузор мешавад, дархост пешниҳод намудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 сарояндаи ҷавони Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов барандаи Гран-прии озмуни «Central Asia’s Got Talent» шуда буд. Нилуфар Азизова қаблан дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иштирок карда, сазовори ҷои дуюм гардида буд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 13, 2022 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи шаҳри Москва бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои намоён гардиданд
Агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон ва Чин ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид мешаванд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар шаҳри Теҳрон «Шаби Тоҷикистон» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса мулоқот доир шуд
Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Эрон судманд арзёбӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент барои ихтироъ ба даст оварданд
Филмҳои таҳиянамудаи «Тоҷикфилм» соҳиби 20 ҷоизаи байналмилалӣ гардиданд