НИШАСТИ МАТБУОТӢ: 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ҷарима карда шуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2022 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳо, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар расид, ба маблағи 680 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим хабар дод.
Зикр шуд, ки мутаассифона, дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар соли 2022 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора 14 нафар ҳалок ва 25 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бароштаанд.
Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби кормандони Хадамот бо мақсади бартарафнамоӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам дар корхонаҳои зериназоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактӣ доир карда мешаванд.
Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳо нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартараф намудани қойдавайронкуниҳо муҳлати муайян дода шудааст.
Гуфта шуд, ки ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 688 бандҳои риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд.
Ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 93 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






