НИШАСТИ МАТБУОТӢ: 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ҷарима карда шуданд

Июль 12, 2022 14:08

ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2022 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳо, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар расид, ба маблағи 680 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим хабар дод.

Зикр шуд, ки мутаассифона, дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар соли 2022 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот  ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора 14 нафар ҳалок ва 25 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бароштаанд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби кормандони Хадамот бо мақсади бартарафнамоӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам дар корхонаҳои зериназоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактӣ доир карда мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳо нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартараф намудани қойдавайронкуниҳо муҳлати муайян дода шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 688 бандҳои риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд.

Ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 93 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2022 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар занҷираи истеҳсолӣ машварат баргузор гардид
ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. Ба маоши вазифавии кормандоне, ки дар ҳодисаҳои сӯхтор дар шароити барои саломатӣ зараррасон хизмат мебаранд, ба андозаи 20 дарсад иловапулӣ пешбинӣ карда мешавад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон тавсеа мебахшад
ПЕШГИРИИ САДАМАҲО. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар мавзуи таъмини бехатарии роҳҳо машварат доир намуд
Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона ҷаласа баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёкунии курсантон баргузор шуд
Дар қисмҳои низомии шаҳри Хоруғ наваскарон савганди садоқат ёд намуданд