НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро калонтарин гармхонаи шаҳри Норак дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас надорад?

Июль 20, 2022 09:42

НОРАК, 20.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак доир ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни нишаст ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД ҷиҳати ба таври пурра фаъолият накардани  калонтарин гармхонаи аз замони Шӯравӣ боқимонда, ки айни замон аз ҳаққи истифодаи неруи барқ зиёда аз 10 миллион сомонӣ қарздор буда, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши асосӣ надорад, Раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода  посух гуфт.

«Ин гармхона ҳоло фаъолият дорад, вале бинобар он ки сохташ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин карданаш душвор мебошад. Мо ба хотири ба таври пурра фаъолият намудан гармхонаи мазкурро ба фурӯш гузоштаем. Дар сурати аз ҷониби соҳибкорони муваффақ харидорӣ шудан боварии комил дорем, ки ин гармхона дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас  мегузорад», — тавзеҳ дод Дилшод Асозода.

Зимни нашасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз қабили 8 адад бинои маъмурӣ, 8 адад муассисаи таълимӣ, 6 адад муассисаи табобатӣ, 5 адад майдончаи варзишӣ, 20 адад корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 адад иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз  дар 120 иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ оғоз гардида, як корхонаи истеҳсоли қуму шағал, муассисаи томактабии рақами 9 дар маҳаллаи Тутқавул ва хатти оби нӯшокӣ ба масоҳати 2,5 км ба истифода дода шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст