ОБУ ҲАВО: 30-31 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд

Июль 30, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар буда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 31+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июль 30, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад