ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






