ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 18 ва 20 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст

Июль 16, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки 18 ва 20 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона дар водиҳо 39+44 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои 16 ва 18 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо ва пиряхҳо низ об шуда, сабаби резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо гардад.

Аз ин рӯ, Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд. Ба хотири риояи бехатарӣ тавсияҳои зеринро ба инобат гиранд:

—  Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавонед тирезаҳоро боз кунед, албатта агар ин бехатар бошад;

— Ҳангоми шамол додани хона, кӯдаконро бе назорат нагузоред; 

— Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз +23+24 дараҷа бошад. Тобистон ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифода нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд; 

— Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия дода намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ намоед;

—  Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар;

— Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро онҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мегардед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;

— Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;

— Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок  пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад;

— Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Вобаста ба шахсоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд, мутахассисон чунин тавсия медиҳанд:

— Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошта бошед. Ҳатман он доруеро, ки барои субҳ духтур таъйин кардааст, истеъмол намоед.

— Бо худ бояд оби бегаз дошта бошед.

— Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ гиред, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кунед ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ доред.

— Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, аз хона берун набароед.

— Либосҳои аз матои табиӣ омодашударо пӯшед.

— Рӯзона на кам аз якуним литр об нӯшед.

— Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.

— Муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд