ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар корхонаҳои шаҳри Душанбе истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шудааст

Июль 23, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи август то оғози соли нави таҳсил дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ доир мешавад. Бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сару либоси ягонаи мактабӣ 22 июл гурӯҳи корӣ аз шароити истеҳсол, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабии корхонаҳои ватанӣ дидан намуд.

Тавре дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими боздид масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳр,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, инчунин раисони кумитаҳои падару модарони таълимгоҳҳо иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба  тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамоянд.


Хариди либосҳои ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе ба рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Таъмини  хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинишуда ҳамеша масъулин ва роҳбарони  корхонаҳои  дӯзандагиро  вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ  афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 23, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст