Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» дар ноҳияи Ховалинг дар самти парваришу истеҳсоли сабзавот ва дигар намуди зироат таҷрибаи бой дошта, дар роҳи расидан ба яке аз 4 ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузорад.
Ин хоҷагӣ соли 2017 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,8 гектар замин, аз ҷумла 1,8 гектар замини обӣ ва 4 нафар саҳмдор дорад.
Самти асосии фаъолияти хоҷагидорон сабзавоткорӣ мебошад.
Аҳли захмати хоҷагӣ соли равон дар як гектар замин парвариши сабзавотро дар асоси тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондаанд. Ин шабурӯз зироати хоҷагидорон нашъунамои хуб дорад.
Дар заминҳои хоҷагӣ аксар намуди зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошакаю пиёз, карам, лаблабу, каду, лубиё, ҷуворимакка барои дон, ҷорӯб ва дигар маҳсулот ба назар мерасад.
Истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди парвариши сабзавот ва риояи агротехникаи кишту парвариш ба таъмини фаровонҳосилӣ дар қитъаҳои хоҷагии мазкур замина гузоштааст.
Хоҷагидорон соли гузашта 1 тонна пиёз, 2 тонна картошка, 1 тонна гандум ҷамъоварӣ намуда, дар ин баробар лубиёдонагӣ ва помидору бодиринг низ истеҳсол ва ба миқдори зарурӣ дар қуттиҳои шартӣ захира намуданд.
Парвариши сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагӣ асосан, барои таъмини эҳтиёҷоти хонаводагӣ ва захира барои ду соли оянда пешбинӣ карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти корҳои агротехникӣ ва кишту парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» ба фаъолияти аҳли заҳмат дар самти риояи маданияти баланди истифодабарии замин баҳои баланд дода, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






