Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум талаботро ба неруи барқ торафт бештар мегардонад»

Июль 13, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз намуданд, ки «барқи дар агрегатҳои аввалини неругоҳи «Роғун» истеҳсолшуда хонаҳои мардуми Тоҷикистонро равшан намуда, ба фаъолияти муназзам ва рушди иқтисоди миллии кишвар мусоидат карда истодааст».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба имрӯз зиёда аз 4,6 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардидааст. Дар робита ба ин, ба сохтмончиёни «Роғун» хотиррасон менамоям, ки барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол қонеъ гардонидани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар ба нерӯи барқ зарурати аввалиндараҷа мебошад».

Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳамасола дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба неруи барқ дар ҳаҷми ду — дуюним фоиз мегардад. «Дар баробари ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар, яъне қариб 2 баробар зиёд шуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум талаботро ба неруи барқ торафт бештар мегардонад»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат хотирнишон карданд, ки «аз ибтидои соли ҷорӣ панҷсолаи саноатикунонии мамлакат шуруъ гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин намудани соҳаҳои саноат, алалхусус, саноати маъдан, металлургия, кимиё ва саноати сабук бо неруи барқ ҳатмӣ мебошад.Зеро пешрафти минбаъдаи кишвар бе таъмин намудани рушди соҳаи саноат бисёр мушкил мебошад. Инчунин, таъмин кардани рушди соҳаи кишоварзӣ ва обёрии заминҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ низ минбаъд истеъмоли неруи барқро дар кишвар зиёд менамояд».

Бинобар ин Сарвари давлат тезонидани ҷараёни корҳои сохтмон дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пеш аз муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатиро бисёр муҳим ва зарур шумориданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон