Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карданд

Июль 16, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди истифода қарор додани иншооти гуногун, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намуданд.

Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар мавзеи хушбоду ҳаво ва дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза ин мавзеъро сайёҳони дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 2 ширкати сайёҳӣ, 15 меҳмонхона, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангиву фароғатӣ мавҷуд мебошанд.

Теъдоди сайёҳон дар нимсолаи якуми соли 2022 15,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои зиёрат ва шиносоӣ бо имкониятҳои ин мавзеи сайёҳӣ боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллиро ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон зарур шуморида, ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ 16.07.2022

Июль 16, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд