Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон: дар соҳаи энергетика амалисозии боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад

Июль 13, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуданд. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Имрӯз дар соҳаи энергетика амалисозии боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 16,6 миллиард сомонӣ идома дорад.  Дар ин бора имрӯз, 13 июл   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат зикр намуданд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад.

Дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз»  дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад.

Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Аз ин лиҳоз, зикр намуданд Сарвари давлат, истеҳсоли ҳарчӣ бештар ва истифодаи васеи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

«Мо ният дорем, ки ин имкониятҳои азимро дар шароити тағирёбии глобалии иқлим на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем. Ба ин хотир, ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидем»-  гуфтанд Президенти Тоҷикистон.

Пешвои миллаи илова намуданд, ки дар солҳои истиқлолият барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст.

Дар ин давра имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, устувории фаъолияти маҷмааи энергетикӣ, талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз ҳисоби иқтидорҳои худӣ бо барқ таъмин карда шавад.

«Соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад»- тазаккур доданд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон