Президенти Тоҷикистон аз иқдомоти Сарвари Узбекистон барои таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ҷонибдорӣ карданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз талошҳои сарвари давлати ҳамсоя барои таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон изҳори ҷонибдорӣ намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, суҳбати телефонии сарони ду давлат дирӯз, 4 июл сурат гирифт.
Ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, неки ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва судманд дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо таъкид гардид.
Бо қаноатмандӣ ба роҳ мондани ҳаракати қатораи мусофиркаш байни Тошканд ва Душанбе, оғози кори амалии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Ёвон дар дарёи Зарафшон зикр карда шуд.
Ҳамчунин оид ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.
АКС: Хадамоти матбуоти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






