Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июль 4, 2022 19:15

ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 2-3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.

Президентҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Узбекистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Қарақалпокистони Ҷумҳурии Узбекистон изҳори ҷонибдорӣ карданд.

Июль 4, 2022 19:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ намуданд
«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
«ПЕШГИРИИ ПАНДЕМИЯ, ҲИФЗИ СИСТЕМАҲОИ ОЗУҚАВОРӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ». Ҳайати Тоҷикистон дар Алмато дар ин ҷаласаи минтақавии сатҳи баланд иштирок намуд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид