Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия Барномаи ҳамкорӣ барои то соли 2024-ро имзо карданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Русия Игор Краснов дируз, 26 июл дар Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 ва Барномаи ҳамкорӣ барои то соли 2024-ро имзо намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд.
Хотиррасон мешаваем, ки 25-26 июл ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Зимни мулоқоти дуҷониба миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов робитаҳои зич ва муҳими ҳамкории мақомоти прокуратураҳо махсус таъкид карда шуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният дар самти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории идеологияҳои гуногуни динӣ — радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ намуданд.

Вобаста ба вазъи мураккаб дар Афғонистон масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ муҳокима гардид.
Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарду кишвар дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои истирдод ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Прокуратураи генералии ҶТ/АМИТ «Ховар»








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






