Прокуратураи генералии Русия ба суд даъво пешниҳод кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон террористӣ эътироф гардад

Июль 30, 2022 12:51

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Русия барои террористӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба суд даъво пешниҳод кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов хабар дод.

«Моҳи июн дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокуратураҳои генералии  кишварҳои узви ИДМ дар Минск як қатор қарорҳо қабул кардем, ки ба баланд бардоштани амнияти кишварҳои Иттиҳод нигаронида шудаанд. Мо аллакай бар зидди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъвои дахлдор пешниҳод намудем», — гуфт Игор Краснов.

Ёдовар мешавем, ки то соли 2015 ҲНИТ ягона ҳизби сиёсии исломӣ дар фазои пасошӯравӣ буд, ки қонунан фаъолият мекард. Барои иштироки роҳбарияти ҲНИТ дар кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона дар ҳамон сол 14 узви ин ҳизб ба муҳлатҳои тӯлонӣ ва ду нафар ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Суди Олии Тоҷикистон соли 2015 бо даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро террористию экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ кард. Илова бар ин, ҳизб ба феҳристи созмонҳои террористии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ шомил карда шудааст.

ДАР АКС: бинои Прокуратураи генералии ФР дар кӯчаи Петровкаи шаҳри Москва. Акс аз бойгонии «РИА Новости»

Июль 30, 2022 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд