Раҳматулло Фузайлов сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин шуд

Июль 6, 2022 15:25

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раҳматулло Фузайлов сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Зайниддин Раҳимов бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд ва ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ аз дастаи наврасон рафт.

Бо қарори ФФТ собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов, ки қаблан роҳбарии бошгоҳҳои КМВА, «Куктош», «Истаравшан» ва «Равшан»-и Зафарободро ба уҳда дошт, сармураббии нави мунтахаби наврасони кишвар таъйин шуд. Ӯ дар замонҳои гуногун ёвари сармураббии дастаҳои ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистон низ буд.

Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «Н» бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон бозӣ мекунад. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Акс: ФФТ

Июль 6, 2022 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд