Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони меҳнатро аёдат намуд
СУҒД, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд собиқадорони меҳнатро аёдат намуд, хабар доданд ба АМИТ Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
5 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд. Аз ҷумла, аз ҳоли профессор Усмонҷон Ғаффоров, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Абдунабӣ Ҳодибоев ва Биҷҷанат Усмонова хабар гирифта, бо пирони кор суҳбатҳои самимӣ анҷом дод.
Раиси вилоят аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Тоҷикистон ёдовар шуда, саҳми собиқадоронро дар пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.
Дар навбати худ аёдатшудагон сипосмандии хешро изҳор дошта, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори хушнудӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






