«Равшан» пас аз бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад

Июль 6, 2022 12:43

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3-5 июли соли равон бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, холҳояшро ба 19 расонд ва ба ҷои аввали ҷадвали мусобиқа баромад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Голҳоро дар ҳайати дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Абдухалил Боронов ва Шодиҷон Муродов ба нишон расониданд. Дар бозӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ягон гол зада нашуд — 0:0.

Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ аз дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 27 Фатҳулло Фатҳуллоев аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард (1:1). Дар нимаи дуюми дидори дастаҳо бозингарони дастаи «Истиқлол» Муҳаммадҷон Раҳимов ва Ислом Зоиров ду гол зада, ғалабаи тимашонро таъмин намуданд.

Дар бозии дигар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе аз дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:2 шикаст хўрд. Артишиҳо тавассути Абдулло Шарипов дар дақиқаи 73 ҳисобро кушоданд. Вале ба голи зада ӯ бозингарони дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Алишер Холмуродов ва Артур Боугнон бо ду гол ҷавоб доданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Голи ягонаро Далер Ёдгоров ба номаш сабт кард.

Ҳамакнун пас аз танаффуси тобистона, ки то моҳи август идома меёбад, бозиҳои даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон идома меёбанд. Дар ин миён равзанаи гузариши футболбозон кушода мешавад ва дастаҳо метавонанд, ки аз лиҳози ҳайат худро пурқувват кунанд.

Акс: ФФТ

Июль 6, 2022 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад