Саъдӣ Каримзода дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии СҲШ иштирок намуд

Июль 26, 2022 09:14

ДУШАНБЕ, 26.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 24-25 июл таҳти раёсати Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳошияи ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзо доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои мавҷуда миёни кишварҳои СХШ сухан гуфта, тақвияти ҳамкории муштаракро вобаста ба афзоиши содироти маҳсулоти озуқаворӣ миёни мамлакатҳо, дастгирии ташаббусҳои давлатҳои аъзо доир ба масъалаҳои кишоварзӣ, инчунин пайгирӣ ва татбиқи саривақтии муқаррароти Созишнома миёни Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади бунёд ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ бо такя ба татбиқи технологияи муосир ҷиҳати рушди илму инноватсия дар соҳаи кишоварзӣ дар ҳошияи ҷаласа аз ҷониби сарони ҳайатҳои иштироккунанда Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи кишоварзии хушманд ва агроинноватсия қабул гардид.

Дар интиҳои ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳо аз намоишгоҳи маҳсулоти меваю сабзавот таҳти унвони «Узбекистони офтобӣ» дидан намуда, ташкили чунин намоишгоҳҳоро барои муаррифии молу маҳсулот миёни кишварҳо муҳим арзёбӣ карданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2022 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд