Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии Илҳом Одинаев шинос шуданд

Июль 16, 2022 09:17

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд.

Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар 4 садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меëбад.

Ғайр аз замини наздиҳавлигӣ Илҳом Одинаев аз ҳисоби заминҳои президентӣ 15 садяк хоҷагии ëрирасонро дар ихтиëр дорад. Дар ин қитъа низ картошка, сабзавот ва дигар номгӯи зироати кишоварзӣ кишт карда шудааст. Ин шабу рӯз дар ноҳияи Ховалинг мавсими ҷамъоварии ҳосили зироат ва мева идома дорад. Оилаи Одинаевҳо дастаҷамъона ба захира намудани маҳсулот, аз ҷумла ба тайëр кардани мураббо, хуриш ва шарбати меваю сабзавот машғул мебошанд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зиндагии оилаи мазкур маълум гардид, ки дар анбори захиравии ин хонадон ба миқдори зарурӣ маҳсулот, аз қабили гандум, лубиëдонагиҳо, мевагӣ, орду равған, биринҷ ва ғайра захира карда шудааст. Ҳамчунин дар 300 зарф шарбату ширинӣ ва хуришҳои гуногун омода кардаанд, ки барои ду соли оянда басанда мебошад.

Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои оилаи шаҳрванд бастаи адабиёти бадеӣ туҳфа намуда, онҳоро ба мутолиаи китоб ва воқиф будан аз таъриху маданияти баланди миллати тоҷик ҳидоят карданд. Сарвари давлат ба фаъолияти оилаи шаҳрванд Илҳом Одинаевро дар самти маданияти истифодаи замин шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобиданд.

Шиносоӣ бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии Илҳом Одинаев дар ноҳияи Ховалинг 16.07.2022

Июль 16, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд