Шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Ҳиндустон иштирок менамоянд

Июль 27, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби шоҳмотбозони тоҷик таҳти роҳбарии ноиби Раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Хуршед Ватанов бо мақсади иштирок дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба Ҳиндустон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон аз 12 нафар, аз ҷумла 6 нафар занон ва 6 нафар мардон иборат аст. Ба дастаи бонувон Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва Саодат Одинаева шомиланд.

Ба ҳайати дастаи мардонаи кишвар Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Илҳоми Ҷалолиддин ва Шораҳмат Ҳисориев дохил мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот аз 28 июл то 9 августи соли равон дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор мегардад. Дар Олимпиада шумораи рекордии дастаҳо — 188 дастаи мардон ва 150 дастаи бонувон ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 инҷониб дар 2 сол як маротиба баргузор мешавад.

Соли 2018 бозӣ дар шаҳри Батумии Гурҷистон доир гардида буд. Бо сабаби пандемияи коронавирус солҳои 2020 ва 2021 Олимпиада ба таври фосилавӣ баргузор шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 27, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид