ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июл, якшанбе, 191-умин рӯзи соли 2022 аст
10 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд.
***
12 сол пеш, 10 июли соли 2010 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон «Олимпия» ба кор дароварда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом доданд.
10 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Мавритания — Рӯзи артиш.
***
Дар Муғулистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ.
РӮЙДОДҲО:
10 июли соли 2012 ширкати хавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози худро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе анҷом дод.
***
10 июли соли 2014 ҷавони тоҷик Шаҳром Сулаймонов беҳтарин футболбози Русия интихоб гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд.
***
5 сол пеш, 10 июли соли 2017 Телевизиони Узбекистон филми мустанади «Узбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки онро шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод.
***
10 июли соли 1847 аввалин маротиба 35 муҳоҷири кории Чин ба Амрико рафтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 1925 Агентии Телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.
***
10 июли соли 1962 ширкати америкоии «American Telephone and Telegraph» ба воситаи алоқаи моҳвораи «Telstar» миёни ИМА, Англия ва Фаронса аввалин санҷиши алоқаи телефониро ба роҳ монд.
***
10 июли соли 2007 аввалин маротиба давоми навад сол дар пойтахти Аргентина боридани барф ба қайд гирифта шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1878 дар Англия аввалин маротиба довари бозии футбол ҳуштак истифода бурд. То он вақт доварони футбол бо овози баланд фарёд мекарданд.
***
Соли 1913 дар иёлати Калифорнияи ИМА ҳарорати баландтарини ҳаво – 57 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шуд.