ТАСС: Президенти Тоҷикистон радикализми диниро хатари ҷиддӣ барои минтақа номиданд
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддист. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор гардид, изҳори назар намуданд, хабар медиҳад ТАСС.
Дар бораи радикализм
«Таҳмили идеологияи ниҳоят харобиовари радикализми динӣ дар Осиёи Марказӣ мушкилоти ҷиддӣ мебошад. Хавфноктарин барои ҷомеаи мо тамоюли таҳкими мавқеи салафия ва ваҳҳобия аст», — таъкид доштанд Президенти Тоҷикистон.
Дар бораи нақшаҳои ноором сохтани вазъи минтақа
Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки неруҳои мухталиф тарҳрезӣ кардани ноором сохтани вазъ дар минтақаи Осиёи Марказиро идома медиҳанд.
«Рӯйдодҳои ахири кишварҳои мо гувоҳӣ медиҳанд, ки неруҳои мухталиф то ҳол нақшаҳои ноором сохтани суботи минтақаро дар сар доранд», — гуфтанд Президенти Тоҷикистон.
Ба гуфти Сарвари давлат, ин ҳодисаҳо нишон доданд, ки неруҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандонро ба тазоҳуроти эътирозӣ таҳрик диҳанд.
Дар бораи «Толибон»*
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр намуданд, ки «Толибон»* барои мутмаин сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қонунияти ҳокимияташон дар Афғонистон ягон тадбир наандешиданд.
«Тайи давраи гузашта роҳбарияти ҳаракати «Толибон»* тадбири воқеие наандешид, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистонро ба қонунӣ будани ҳокимияташон, доштани қобилияти назорати вазъ дар мамлакат, таъмини амнияти шаҳрвандони худ, ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодии бамиёномада мутмаин созанд», — иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбарияти «Толибон»* дар Афғонистон сиёсати таҷовузкоронаи поймолкунандаи ҳуқуқи гурӯҳҳои гуногуни этникиро ба роҳ мондааст, изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.
«Толибон сиёсати табъизи таҷовузкорона бар зидди гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва консерватизми сахти мазҳабиро пеш мебаранд», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон инчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба изҳороти чанде қабли роҳбарияти «Толибон»* дар бораи дар мамлакат бекор кардани тамоми санадҳои қонунгузорӣ ва нияти дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии афғонҳо ба таври умумӣ ҷорӣ кардани қонунҳои шариат ҷалб намуданд.
Дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.
________
* Ҳаракати дар Тоҷикистон ва соири кишварҳо мамнӯъ
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд






