Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода: «Ваъдае, ки роҳбарияти ҳаракати «Толибон» дода буд, иҷро нашуд»
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Хушнуд Раҳматуллоев ба вазир чунин савол пешниҳод намуд:
«Баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон» дар моҳи августи соли гузашта роҳбарони онҳо ба тамоми ҷаҳон эълон карданд, ки кишт ва истеҳсоли маводи мухаддирро дар Афғонистон қатъ мекунанд. Аммо воридоти маводи мухаддир ба кишвари мо кам намешавад. Бо дарназардошти он ки «Толибон» манбаи қонунии даромад надоранд, ба фикри Шумо онҳо барои мубориза бо парвариш ва истеҳсоли маводи мухаддир ва қочоқи он иқдоме хоҳанд кард?».
Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки воқеан аз ҷониби ҳаракати «Толибон» изҳорот садо дода буд, ки онҳо бар зидди парвариш ва истеҳсоли маводи мухаддир мубориза мебаранд, тадбирҳои мушаххас меандешанд, вале мо то ҳол натиҷаи ошкороеро намебинем, аз ин рӯ дар маҷмӯъ воридоти маводи мухаддир ба ҷумҳурии мо кам нашуд. Он ваъдае, ки роҳбарияти ҳаракати «Толибон» дода буд, иҷро нашуд.
Зимнан зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ 1 тонна (2021 – 819 кг 199 гр) маводи мухаддир, аз ҷумла героин – 54 кг 011 гр (2021 – 52 кг 306 гр), афюн — 402 кг 652 гр (2021 — 132 кг 616 гр), ҳашиш 403 кг 335 гр (2021 — 532 кг 085 гр) ва каннабис — 128 кг 383 гр (2021 — 88 кг 836 гр) мусодира карда шуд.
Ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон, ки дар он ҷо лагерҳои омӯзишӣ барои ҷангиёни созмонҳои террористӣ, ки мехоҳанд фаъолияти худро ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн кунанд, таблиғи ғояҳои ифротгароии динӣ ва терроризм тариқи Интернет, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои байналмилалии террористӣ, кӯшиши тарҳрезӣ ва анҷом додани амалҳои террористӣ аз ҷониби ин созмонҳо дар қаламрави давлати мо аз таҳдидҳои аслӣ ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа боқӣ мемонанд.
Хушнуд РАҲМАТУЛЛОЕВ,
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд






