Вохӯрии навбатии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Июль 21, 2022 15:33

ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатҳои Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳлати як сол тамдид карда шуданд. Дар ин бора имрӯз Қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии чоруми машваратӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ба имзо расид.

Сарони давлатҳо ҳамчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузории Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба муддати се сол таъйин шуда буданд.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар асоси қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз 4 январи соли 1993 дар шаҳри Тошканд таъсис дода шуд. Мақсади он беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Раёсат дар ин Фонд аз Туркманистон, ки солҳои 2017-2019 онро бар дӯш дошт, ба Тоҷикистон гузашт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2022 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод