Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дидан намуда, ба истифодаи хати оби полезӣ дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом оғоз бахшиданд

Август 11, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимови шаҳри Конибодом хати оби полезиро ба истифода дода, бо нашъунамои пахта ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ шинос шуданд.

Хати оби полезӣ барои обëрӣ намудани беш аз 20 гектар замини хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва майдони киштзори атроф пешбинӣ шудааст. Обро ба ин мавзеъ тавассути чоҳи амудӣ бо истифода аз қубури қутраш 100 мм баровардаанд. Чуқурии чоҳ 80 метрро ташкил медиҳад ва бо хати барқи алоҳида таъмин аст. Хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов дар деҳоти Куҳандиëр аз пешқадамҳо ба ҳисоб рафта, дорои 19 гектар замини корами обӣ ва 15 гектар боғи зардолу мебошад. Аз масоҳати умумии боғот беш аз 7 гектараш ҳосилдиҳанда аст.

Соли равон хоҷагидорон дар масоҳати 10 гектар пахтаи навъи «Дӯстӣ» ва «Ориëӣ» кишт намудаанд. Ин навъи зироат ба иқлими минтақа мутобиқ буда, дар сурати риояи пурраи талаботи агротехникӣ имкон аст то 45 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар майдони пахтазори хоҷагӣ қоидаҳои агротехникӣ пурра риоя гардида, ба анҷом расонида шудаанд. Ин аст, ки нашъунамои зироат хуб мебошад.

Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳри Конибодом дидан карданд. Хоҷагидорон ва дигар сокинони шаҳр дар растаҳои алоҳида ҳосили зироат, аз қабили ғалладонагиҳо, лӯбиëдонагиҳо, сабзавоту полезиҳо, ҳосили зироати техникӣ, картошка, меваҳои шаҳдрез, асал ва дигар маҳсулоти бо меҳнати ҳалол ба дастовардаи хешро ба маъраз гузоштанд.

Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули заҳмати аҳолии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, тақвият бахшидани корҳои саҳроӣ, бештар намудани майдони кишти зироат ва боғу токзорро дар шароити кунунӣ муҳим шумориданд.
Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом 11.08.2022

Август 11, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд