Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд

Март 30, 2026 15:34

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд.

Иншооти соҳаи маориф дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир сохта шуда, дар он шароити мусоид барои тарбияи зиёда аз 300 кӯдак фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистони нав 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шуда, дар тарбияи дӯстрӯякон бо усулҳои муосири амаливу назариявӣ, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо саҳм мегузоранд.

Ин муассисаи тозабунёд аз 15 ҳуҷра ва 10 гурӯҳ иборат буда, дар он ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, мусаввирӣ, машғулиятҳои амаливу зеҳнӣ ва барои гузаронидани дигар бозиҳои гуногуну шавқовар, ки барои ташаккули барвақтии кӯдакон муҳим мебошанд, сохта шудааст.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонии бино, ки дар муддати кутоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд карда шуд, 20 мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо кӯдакони хушбахту ояндасози Ватан суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар боғчаи мазкур ҳуҷраҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой дода шуда, толори варзишӣ, дар таҳхонаи он ду ҳавзи шиноварӣ, дар саҳни бино 8 айвонча ва майдончаи бозиҳои шавқовар бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин боғча Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парасторонро барои дар роҳи дуруст, аз ҷумла боидроку хушзеҳн, худшиносу ватандӯст ва ҳушёру зирак тарбия намудани кӯдакон ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиён дар деҳаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ 30.03.2026

Март 30, 2026 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия