Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд

Март 30, 2026 17:04

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар бунёд гардида, барои таълиму тарбияи ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он кабинетҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво, озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълимии фанҳои биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат, омодагии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон ва толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки ҳамаи нуздаҳ синфхонаи таълимӣ бо аёният ва лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, мактаб пурра бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз омӯзгорон даъват намуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Пеш аз ҳама, дастур дода шуд, ки вобаста ба пешрафти техника ва технология дар замони муосир хонандагон аз нозукиҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин забонҳои хориҷӣ ба хубӣ бохабар карда шаванд.

Дар муассисаи мазкур толори замонавии варзишӣ мавҷуд аст, ки он барои баргузор намудани мусобиқаҳои волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ мутобиқат мекунад.

Саҳни муассисаи нави таълимӣ пурра чароғон, сафолакпӯш ва сабзкорӣ шуда, ба як макони зебо мубаддал гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки хонандагони ин муассиса қаблан дар бинои солҳои пеш бунёдшуда таълиму тарбия мегирифтанд ва ҳамакнун бинои наву замонавии таълимӣ имкон фароҳам овард, ки дар синфхонаҳои барҳаво ба омӯзиш машғул шаванд.

Бино ба иттилои масъулини соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, ҳоло дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар он зиёда аз 32 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо пуштибонӣ аз роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду ба истифода додани 22 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, то ба ин рӯз 18 бинои таълимӣ бо 4500 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Боқимонда иншооти соҳа то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Хонандагону омӯзгорон аз ин туҳфаи Сарвари давлат хушҳол гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда дар самти таълим ва омӯзиши илмҳои замони муосир масъулияти дучанд эҳсос мекунанд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар ноҳияи Мастчоҳ 30.03.2026

Март 30, 2026 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд