Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 9 август дар Варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия маросими ифтитоҳи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати олимпии Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
«Парчами Тоҷикистонро дар маросими кушодашавии Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ Раҳмонҷон Маҳмадбеков (гӯштини тарзи озод) ва Муниса Ойматова (таэквондо) ба варзишгоҳ ворид намуданд»,- иттилоъ доданд дар КМО Тоҷикистон.
Дар бозиҳо 4200 нафар варзишгарон аз 56 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Аз ҷумла, ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Албания Эди Рама, сарвазири Алҷазоир Эймен ибни Абдураҳмон, сарвазири Фаластин Муҳаммад Штийе ширкат карданд.
Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзишии ҳамбастагии исломӣ соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале бинобар сабаби пандемия ба муддати як сол мавқуф гузошта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Таҳа, раиси Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ, шоҳзода Абдулазиз Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд суханронӣ карданд.
Баъдан президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломиро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият хост.
АКС: КМО Тоҷикистон










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






