АНҶОМИ БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгарони тоҷик сазовори 3 медали нуқра ва 5 биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 18 август Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия бо баргузории маросими тантанавӣ ба анҷом расиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон иборат аз 46 варзишгар аз рӯи 8 намуди варзиш ширкат карда, сазовори 8 медал – 3 нуқра ва 5 биринҷӣ – гардид.
Медалҳои нуқраро дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар намуди гӯштини дзюдо Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90кг ва медалҳои биринҷиро дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни то 55кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63кг, дар намуди гӯштини дзюдо Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ сазовор шуданд.
Зимни маросими пӯшидашавии бозиҳо Вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу зимни суханронӣ, аз ҷумла гуфт, ки «мо хеле шод будем, ки ҳазорон бародари худро дар Туркия пазироӣ намудем. Дар ин мусобиқаҳо ҳаргиз мағлуб набуд, бародарӣ ва ваҳдат ғолиб омад. Ҳамаи меҳмонон аз ин шаҳри муҳтарам — Қунияи Туркия бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ба мамлакатҳои худ бармегарданд».


Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ ал-Файсал, раиси Федератсияи байналмилалии варзиши ҳамбастагии исломӣ (ISSF) ва президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ ба ҳамаи онҳое, ки барои баргузории бозиҳо саҳм гузоштанд, изҳори сипос карда, гуфт: «Ҳамбастагӣ номи мост, сулҳ забони мост, мусобиқаи бошараф дар майдонҳои варзишӣ роҳи мост. Ташаккур ба Қуния».
Сипас, Касапоғлу парчами Федератсияи варзиши ҳамбастагии исломиро ба шоҳзода Абдулазиз ал-Файсал супорид.
Маросими пӯшидашавии бозиҳо бо барномаи ҳунарӣ анҷом ёфт.
Мавриди зикр аст, ки Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ соли 2025 дар пойтахти Камерун – шаҳри Йоунде доир хоҳанд шуд.
Дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ аз рӯи ҳисоби медалҳо кишвари мизбон – Туркия ҷои аввалро гирифт. Варзишгарони мизбон сазовори 341 медал (145 тилло, 107 нуқра, 89 биринҷӣ) гардиданд. Узбекистон бо 51 медали тилло, 42 нуқра, 65 биринҷӣ (158 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 39 медали тилло, 44 нуқра, 50 биринҷӣ (133 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд.
Дар даҳгона ҳамчунин Озарбойҷон (99), Қазоқистон (89), Марокаш (62), Индонезия (56), Қирғизистон (32), Баҳрайн (23), Алҷазоир (42) ҷой гирифтанд. Умуман, варзишгарони 44 давлат соҳиби медал, аз ҷумла 28 давлат соҳиби медали тилло шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 54 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 29-ум мавқеъ гирифт.


Хотиррасон мешавем, ки дар бозиҳои қаблии ҳамбастагии исломӣ Тоҷикистон ҳамагӣ 6 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ дошт. Медали тиллоро дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2005 дар Макка Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, медали нуқраро дар ҳамин бозиҳо Насҳиддин Ворисов дар намуди таэквондо ва 4 медали биринҷиро соли 2017 дар Боку варзишгарони мо дар варзишҳои зӯрхонаӣ сазовор гардида буданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба гимнастика баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд






