АРТИШИ МАРДУМИИ ОЗОДИХОҲИ ЧИН 95-СОЛА ШУД. Имрӯз ҶМЧ солгарди таъсиси қувваҳои мусаллаҳашро таҷлил менамояд
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 август, Чин солгарди 95-уми таъсиси Артиши мардумии озодихоҳро таҷлил менамояд. Ба ифтихори ин рӯйдод дар майдони Тянанмени Пекин маросими тантанавии барафрохтани парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.
Дар арафаи ин сана, 28 июл Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин (ҲКЧ) Си Ҷинпин, ки ҷаласаи 41-уми омӯзиши дастҷамъии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистиро раисӣ мекард, муҳимияти татбиқи минбаъдаи стратегияи таҳкими қувваҳои мусаллаҳро тавассути омода намудани кадрҳои баландихтисос дар замони нав таъкид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».
Си Ҷинпин таъкид кард, ки стратегияи кадрҳо барои ноил шудан ба ҳадафи ҳизб оид ба таҳкими қувваҳои мусаллаҳ дар замони нав ва ба артиши сатҳи ҷаҳонӣ табдил додани Артиши мардумии озодихоҳ аҳамияти калон дорад.
Бино ба гуфтаи ӯ, аз замони баргузории Анҷумани 18-уми умумичинии Ҳизби коммунистӣ, ки соли 2012 доир шуд, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ пешрафти таърихӣ ба даст омад.
Ҳамзамон Си Ҷинпин даъват кард, ки барои истифодаи беҳтари нақши истеъдодҳо дар роҳбарӣ ва пуштибонӣ аз ҳадафҳои бунёди артиши қавӣ талошҳо ба харҷ дода шаванд.
Ӯ бо ишора ба ворид шудан ба давраи нави таҳаввулот ва тағйироти куллӣ гуфт, ки Чин бо бесуботӣ ва номуайянии афзоянда дар арсаи амнияти миллӣ рӯбарӯ мешавад.
Ба ин муносибат Раиси ҶМЧ зикр кард, ки вазифаи асосии қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар панҷ соли оянда расидан ба ҳадафҳои гузошташуда то 100-солагии таъсиси Артиши мардумии озодихоҳ мебошад.
Си Ҷинпин ба он таваҷҷуҳ кард, ки кор оид ба тарбияи истеъдодҳои ҳарбӣ бояд ҳамаҷониба пурзӯр карда шавад.
Ӯ зарурати ба роҳ мондани роҳбарии мутлақи ҳизбиро бар қувваҳои мусаллаҳ дар тамоми ҷабҳаҳо ва дар ҳама равандҳои тарбияи истеъдодҳо, инчунин дар баланд бардоштани сатҳи бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани тайёрии ҷангӣ таъкид намуд.
Си Ҷинпин инчунин даъват ба амал овард, ки барои ҳалли мушкилоти калидӣ дар кори марбут ба истеъдодҳо тавассути ислоҳот ва навоварӣ дар ҳама ҷабҳаҳо талошҳо ба харҷ дода шаванд.
Илова бар ин, бино ба гуфтаи ӯ, робита ва ҳамкории бахшҳои низомӣ ва ғайринизомӣ бояд барои ҳамгироии минбаъдаи кори омода кардани кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар раванди бунёди миллати тавоно бо истеъдодҳояш тақвият дода шавад.
АКС аз манобеи боз








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






