АЗ-ЗАВОҲИРӢ ДАР АФҒОНИСТОН КУШТА ШУД. Байден амалиёти ИМА-ро барои нобуд кардани роҳбари «Ал-Қоида» комилан муваффақона хонд
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 1 август Президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи кушта шудани роҳбари гурӯҳи исломии «Ал-Қоида»* Айман Завоҳирӣ дар Афғонистон хабар дод. Байден бар ин назар аст, ки амалиёти ИМА дар Кобул барои нобуд кардани роҳбари созмони террористии «Ал-Қоида»* аз ҳама ҷиҳат муваффақона анҷом ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Reuters» хабар медиҳад.
«Амалиёт муваффақона гузашт. Ҳеҷ нафар аз аъзои хонаводаи ӯ (аз-Завоҳирӣ – тавз. АМИТ «Ховар») ва миёни сокинони осоишта осеб надидааст . Ман ин хабарро ҳоло пас аз тасдиқи анҷоми муваффақонаи амалиёт ба ҳама мерасонам», — гуфт Байден.
Ӯ таъкид намуд, ки роҳбари ин гурӯҳи террористиро хадамоти иктишофии Амрико аввалҳои соли равон дар Кобул пайдо кард.
Ба гуфтаи Президенти Амрико, ИМА «ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад».
«Мо ба ин роҳ намедиҳем», — илова кард ӯ. Тавре Президент тазаккур дод, «гузаронидани амалиёт далели равшани ин гуфтаҳост».
«Маъмурияти ман минбаъд низ таҳдидҳои «Ал-Қоида»-ро таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад дод ва новобаста аз он ки онҳо аз куҷо сар мезананд, вокуниш нишон медиҳад», — гуфт ӯ.
Дар нишасти хабарии махсус намояндаи расмии Кохи Сафед гуфт, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба манзиле дар пойтахти Афғонистон, ки Завоҳирӣ вақтҳои охир пинҳон шуда буд, зарбаи дақиқ зада шуд. «Тӯли чанд моҳ эътимоди мо ба он ки Завоҳирӣ дар ин макон дар Кобул аст, зиёд шуд. Муддати зиёд мо Завоҳириро дар пешайвон медидем, ки оқибат ба ӯ дар он ҷо зарба зада шуд», — тазаккур дод ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ду мушаки «Hellfire» аз ҳавопаймои бесарнишин партоб шудаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла на хешовандони Завоҳирӣ, ки дар хона буданд ва на сокинони осоиштаи атроф осеб надидаанд. Амалиёти махсус бар зидди Завоҳирӣ нахустин ҳамлаи Амрико ба «Ал-Қоида»* дар Афғонистон пас аз хуруҷи неруҳои ИМА дар моҳи августи соли гузашта гардид.
Завоҳирӣ созмондиҳандаи ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 ба ИМА эътироф шуда, аз он замон дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Ӯ пас аз кушта шудани Усома бин Лодин дар Покистон соли 2011 (дар натиҷаи амалиёти махсуси Амрико) «Ал-Қоида»*-ро роҳбарӣ мекард. ИМА барои маълумот дар бораи макони будубоши Завоҳирӣ 25 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.
________________________
* Созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои ҷаҳон
Акс: AFP 2022









80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






