БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 иншоот ба истифода дода мешаванд
РӮДАКӢ, 21.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни Истиқлолияти давлатиро муқаддас дониста, барои ҳифзи сулҳу субот ва оромию якдилӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, баҳри созандагию бунёдкорию ободии диёри хеш кӯшиш менамоянд. Ин аст, ки дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳибкорону сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 30 иншооти гуногунро ба истифода медиҳанд.
Мудири шуъбаи меъмории ноҳияи Рӯдакӣ Абдукарим Суфиев ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «сокинону соҳибкорони ноҳия ҷиҳати муҳайё намудани шароити беҳтарини зиндагӣ барои ҳамдеҳагону насли наврас дар деҳот ва шаҳраки ноҳия иншооти муҳими хизматрасонӣ бунёд намуда истодаанд. Хурсандиовар аст, ки дар арафаи ҷашни бузурги 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаҳои Шӯрчашма, Ҳасанобод, Ҷӯйбодом, Ҳоҷибоӣ, Пистамазор, бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар деҳаи Теппаи Самарқандии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ таваллудхонаи минтақавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Албатта, дар бунёди ин иншооти муҳим, ки мушкилоти тиббии сокинони деҳотро бартараф менамоянд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва сокинони деҳот саҳми арзанда доранд».
Сармутахассиси бахши саноат, сохтмон ва коммуникатсияи ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Калонов гуфт, ки “барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил дар маркази ноҳия бинои нави муассисаи таълимии №3 ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Гулистон, Лоҳур ва Мирзо Турсунзода 3 адад бинои нави муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ҳамчунин дар маркази ноҳия бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар Ҷамоати деҳоти Зайнабобод корхонаи коркарди қуму шағал ва майдончаҳои варзишию хатҳои оби нӯшокӣ ба истифода дода мешаванд”.
Тибқи иттилои мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Хайриддин Ҷалолзода, имрӯзҳо дар ассоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоат вохӯрию суҳбатҳо ҷараён доранд. Ҳамзамон ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ бо иштироки сарояндагони бахши фарҳанг дар ҷамоатҳои деҳот кансертҳои идона баргузор гардида истодаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ барои кӯдакону наврасони ятим ҳамоиши идона доир гардид
Дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии «Ҳаёт»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» оғоз бахшиданд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд






