Ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон озмоишгоҳи сайёри экологӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи таҳлиливу ташхисии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон озмоишгоҳи сайёри экологӣ оид ба муайян намудани таркиби сифати ҳавои атмосфера дастрас гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур хабар доданд.
Зимни тақдими озмоишгоҳи сайёри экологӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода изҳор намуд, ки «аз ин пас мутахассисони шуъбаи ташхис оид ба ифлосшавии ҳавои атмосферӣ метавонанд бо ин озмоишгоҳи сайёр аз ҳисоби манбаъҳои доимии ифлоскунанда ва манбаъҳои ҳаракаткунанда дараҷаи партовҳои газиро ба ҳавои атмосфера муайн созанд».
Дохили озмоишгоҳи сайёри экологӣ барои муайян намудани таркиби сифати ҳавои атмосфера бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст.
Сардори шуъбаи таҳлиливу ташхисӣ ва экпертизаи экологии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Ҷӯрабек Мирзохонов иттилоъ дод, ки «озмоишгоҳи сайёри экологӣ сифати ҳавои атмосфериро аз рӯи 5 нишондиҳанда муайян мекунад. Аз ҷумла, дараҷаи ифлосшавӣ аз рӯи газҳои оксиди карбон, андигриди сулфур, оксиди нитроген, карбогидридҳо ва дуда санҷидаву муайян карда мешавад».
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






