Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ба табибони фаъоли шаҳри Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба як гурӯҳ табибони фаъол, ки дар рушди соҳа ва пешбурди бахши тандурустӣ дар шаҳр саҳми назаррас доранд, унвони «Аълочии соҳаи тандурустӣ», ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамзамон ғолибони якчанд озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳр низ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳоии касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарияту кормандони Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, собиқадорони соҳа ва кормандони бахши тандурустии пойтахт ширкат намуданд.
Зикр шуд, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ва тадбирҳои андешидаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр бамаротиб беҳтар гардидааст. Ҳамин аст, ки бо истифодаи шароити муҳайёгардида ҳоло дар пойтахт табибон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом медиҳанд, ҳол он ки дар гузашта барои анҷоми он сокинони кишвар ба муассисаҳои тиббии хориҷи кишвар муроҷиат менамуданд.
Бояд гуфт, ки табибони пойтахт шабонарӯзӣ фаъолият намуда, барои таъмини солимии ҷомеа пайваста саҳм мегузоранд ва дар навбати худ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастгирӣ меёбанд. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки табибони тоҷик ворисони аслии Сино будани худро борҳо собит намуда, имрӯз низ пайи иҷрои ин рисолати муқаддас ҳастанд.
Ҳамасола ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи тиб дар пойтахт озмунҳои гуногун ташкил мегарданд, ки «Муассисаи саломатии шаҳрии беҳтарин», «Табиби оилавии беҳтарин» ва ғайра аз зумраи онҳост.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» зикр шуд, ки давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтаанд. Марказҳои тандурустии пойтахт бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иловатан дорои воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, доруворию лавозимоти тиббӣ гардида, бо дастгоҳҳои нодири ташхисию табобатӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Таъмину навсозии иншооти соҳаи тандурустӣ аз тадбирҳои муассири соҳаи тандурустӣ дар пойтахт маҳсуб мешавад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






