Бар асари таркиш дар масҷиди Кобул тақрибан 20 нафар ҳалок гардида, 40 кас захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар яке аз масҷидҳои Кобул таркиш рух дод. Дар натиҷаи ин ҳодиса одамон ҳалок шуданд. Дар ин бора «Al Jazeera» хабар медиҳад.
Ҳодиса 17 августи соли 2022 ҳангоми намоз дар масҷиде, ки дар маҳаллаи Хайрхон воқеъ аст, рух дод.
Ба иттилои хадамоти амниятӣ, бар асари ин ҳодиса тақрибан 20 нафар, аз ҷумла имоми масҷид ба ҳалокат расида, беш аз 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳукумати «Толибон»* тасдиқ карданд, ки бар асари таркиш кушташудагон ва захмишудагон ҳастанд, вале шумораи онҳо маълум нест. Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишро оғоз кардаанд ва дар ҷои ҳодиса гурӯҳҳои иктишофӣ кор мекунанд.
Қаблан маълум гардид, ки дар маҳаллаи Вазир Акбархон дар Кобул таркиш рух додааст.
_____________________
* «Толибон» ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст
АКС: © GlobalLookPres








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






