Барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Тоҷикистон давраи сайёри таҷрибаомӯзӣ оғоз ёфт

Август 23, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳрҳои Ҳисор ва Истаравшан, ноҳияҳои Нуробод, Вахш ва Шамсиддини Шоҳин аз рӯи барномаи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал» давраи сайёри таҷрибаомӯзӣ ифтитоҳ ёфт, ки то 24 август идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Давраи омӯзишӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар маросими оғози давраи сайёри омӯзишӣ гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузории онро дар доираи татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ҳамкории судманд бо Агентии хизматии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон кӯшиш менамояд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани машғулияти амалию омӯзишӣ мусоидат намояд.

Муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Абдуалимзода, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанӣ оид ба нақши ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал ва масъулияту вазифаҳои раисони ҷамоатҳо дар ин самт сухан намуданд.

Шунавандагони давраи омӯзишӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафар менамоянд ва бо фаъолияти соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва таъриху фарҳанг шинос гардида, аз ҶСП «Агротехсервис», боғи интенсивии «Ситабр-Агро», ҶДММ «Корвони Аср», Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, хоҷагии кишоварзии ба номи Латиф Муродов, Осорхонаи щаҳри Ҳисор боздид менамоянд.

Ҳамчунин бо фаъолияти ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Деҳқонобод дар самти ҳуҷҷатнигорӣ шинос гардида, мубодилаи таҷриба менамоянд.

Дар анҷоми таҷрибаомӯзӣ ба шунавандагон Гувоҳнома супорида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 23, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд