«БИАТЛОНИ ТАНКӢ». Тоҷикистон мақоми сеюмро касб кард
ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ», ки дар чаҳорчӯби Бозиҳои VIII байналмилалии артиш (АрМИ-2022) дар тамрингоҳи «Алабино»-и вилояти Москва баргузор шуд, мақоми сеюмро касб кард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Sputnik»-и Русия.
Экипажҳои Точикистон, ки дар дивизиони дуюм баромад карданд, вазифаҳои худро дар зарфи 1 соату 43 дақиқаю 28 сония ба иҷро карданд. Маҳорати хизматчиёни ҳарбӣ, идоракунии боэътимоди техникаи ҳарбӣ ва талоши пирӯзӣ ба даста кӯмак кард, ки медали биринҷӣ гирад.
Дар мусобиқа ҷумҳуриро се экипаж намояндагӣ кард, ки ҳар кадоми онҳо аз се нафар: командири танк, тупчи-оператор ва ронанда иборат буд.
Дар маросими ботантана медалу мукофотҳоро сардовари Бозиҳои байналмилалии артиш генерал-полковник Александр Лентсов супурд.
Ҷойи дуюм насиби Сурия шуд. Экипажи ин мамлакат масофаро дар зарфи 1 соату 40 дақиқаю 59 сония тай кард.
Дастаи Мянмар барандаи мусобиқаи «Биатлони танкӣ» дар дивизиони дуюм гардид. Ба ҳарбиёни ин кишвар муяссар шуд, ки ин масофаро дар 1 соату 36 дақиқаю 25 сония тай намоянд.
Мусобиқа ду ҳафта давом кард, ки дар он хизматчиёни ҳарбии 21 мамлакат иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дастаи Тоҷикистон соҳиби медали нуқра гардида буд.
Вазорати мудофиаи ФР ҳамасола мусобиқаи «Биатлони танкӣ»-ро доир менамояд. Мусобиқа ба рушди ҳамкории низомӣ ва таҳкими иттиҳоди ҷангии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои иштирокчӣ равона шудааст.
Марҳилаи байналмилалии бозиҳо аз соли 2015 инҷониб ташкил карда мешавад. Он аз пойгаи инфиродӣ ва эстафета иборат мебошад.
АКС: «Sputnik








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






