«БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ». Миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва ИМА оид ба амалисозии лоиҳаи нав Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Август 3, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 3.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 2 август миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба амалисозии лоиҳаи нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) «Биё, ҳамроҳ омӯзем» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ба он Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода ва роҳбари ЮСАИД дар Тоҷикистон Питер Райли имзо намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» як ҷузъи таркибии барномаи кумаки техникиву иқтисодии Ҳукумати ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» аст. Кумаки дар доираи лоиҳа пешниҳодгардида дар маҷмӯъ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла беҳтар намудани сифат ва аҳамияти таҳсил ва тақвияти идоракунии низоми таҳсил дар ҳамаи сатҳҳои низоми маориф дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар маросими баимзорасонӣ муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, Роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД «Биё, ҳамроҳ омӯзем» Филип Батерфил, муовини Роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД «Биё, ҳамроҳ омӯзем» Накҳат Абдулафизов, мудири шуъбаи маорифи ЮСАИД дар Вашингтон Эвилин Ҷонс ва дигар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи сентябри соли 2021 идома ёфта, дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш ва арзёбии рушди малакаҳои хониш, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкорӣ барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш, инчунин рушди дастгирии Ҳукумат дар самти тақвияти хониш фаъолият намуд.

Дар натиҷа, аз ҷониби лоиҳа дар мувофиқа бо вазорат дар маҷмӯъ, 179 номгӯй китоби бадеии кӯдакона бо теъдоди зиёда аз 1 300 000 нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои синфҳои ибтидоӣ ба 3001 муассисаи таълимии такягоҳии лоиҳа ба тариқи ройгон дастрас гардид. Ҳамчунин дар ин замина, 16 номгӯй аёнияти таълимию методӣ низ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд.

Ҳамзамон беш аз 7400 нафар омӯзгор ба омӯзишҳо аз рӯйи сохтори «Омӯзиши омехта» фаро гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2018 то моҳи апрели соли 2021 зиёда аз 27 ҳазору 500 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 2590 директор ва зиёда аз 3000 китобдори муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тақвияти малакаҳои хониш, инчунин банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ оид ба бедор намудани шавқи хондан ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Таҳия ва озмоиши барномаи таълимӣ барои факултаҳои Методикаи таълим дар синфҳои ибтидоӣ бо дарназардошти педагогикаи муосир, ки ба такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ равона карда шудааст, ба интиҳо расида, татбиқи амалии он дар 22 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2020-2021 доир гардид.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Август 3, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ФАРЗАНДОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМОЕМ! Имрӯз барои илму дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардидани онҳо тамоми шароит муҳайё гардидааст
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Душанбе озмуни забондонӣ идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва 7 донишгоҳи олии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши рушди робототехника доир шуд
БО КВОТАИ «ДУРАХШАНДАГОН»-МАШҲУР ДАР ҶАҲОН. Донишҷӯёни тоҷик бо таҳсили намунавӣ дар рейтинги аввал қарор доранд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ ва илм баррасӣ карда шуд
Роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон бо кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кӯлоб мулоқот намуд
Дар Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон оғоз шуд
Барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд