БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгарони кадом кишварҳо пешсафанд?

Август 12, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 9 то 18 август дар шаҳри Қунияи Туркия Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ ҷараён мегиранд. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния пас аз 3 рӯз натиҷаҳо тибқи ҷадвали мусобиқа чунинанд:

  1. Туркия — 55 медал (аз ҷумла 23 тилло),
  2. Эрон — 27 медал (8 тилло),
  3. Қазоқистон — 16 медал (6 тилло),
  4. Узбекистон — 24 медал (5 тилло).

Мавриди зикр аст, ки ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, дзюдо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, варзиши вазнин, гӯштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид шудаанд. Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар 8 намуд – варзиши сабук, камонварӣ, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гӯштӣ рақобат мекунанд.

Варзишгарони тоҷик то кунун ягон медал ба даст наовардаанд. Дастаҳои тенниси рӯи миз баромади худро аллакай ба охир расониданд. Бо иштироки варзишгарони тоҷик 8-12 август мусобиқаи варзиши сабук, 9-12 август мусобиқаи таеквондо, 10-13 август мусобиқаи гӯштин, 11-15 август мусобиқаи вазнабардорӣ, 13-15 август мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август мусобиқаи камонварӣ, 15-17 август мусобиқаи гӯштини дзюдо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир хоҳанд шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 12, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд