БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгарони тоҷик дар рақобатҳои даставӣ оид ба гӯштини дзюдо барандаи медали биринҷӣ шуданд

Август 18, 2022 08:54

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия дастаи дзюдои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 8 адад расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар қувваозмоиҳои даставӣ тими дзюдои Тоҷикистон нахуст бо дастаи дзюдои Узбекистон бояд сабқат мекард, вале дзюдочиёни узбекистонӣ аз рақобат даст кашиданд. Дар чорякфинал дзюдочиёни мо бар дастаи Сенегал ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз дастаи Озарбойҷон шикаст хӯрданд. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дастаи Қазоқистонро мағлуб карданд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар ҷудо Комроншоҳ Устопириён медали нуқра ва дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг, дар дзюдо Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Бозиҳо имрӯз, 18 август бо натиҷагирӣ аз мусобиқаҳои каратэ, камонварӣ ва кикбоксинг анҷом меёбанд. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд. Шоми имрӯз маросими пӯшидашавии бозиҳо доир мегардад.

Пас аз натиҷагирии 9 рӯз дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 303 медал (127 тилло, 97 нуқра, 79 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 46 медали тилло, 38 нуқра, 56 биринҷӣ (140 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 38 медали тилло, 41 нуқра, 48 биринҷӣ (127 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 29-ум аст.

АКС: КМО Тоҷикистон

 

Август 18, 2022 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд