БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи дзюдо 3 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 август, ду рӯз қабл аз анҷоми Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи дзюдо 3 медал, аз ҷумла 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 7 адад расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг сазовор шуд. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, дар чорякфинал бар варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омад, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.
Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг ба даст оварданд.
Шодмон дар даври дуюм намояндаи Тунис Ҳачем Селамми, дар чорякфинал дзюдочии овозадори узбек Шарофиддин Болтабоевро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин давр Шодмон аз намояндаи АМА Нугзари Туталашвилӣ мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари қирғиз Асад Масабировро мағлуб кард.
Абубакр ҳам дар даври аввал озод буд ва дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Ислом Бозбоев пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Узбекистон Музаффарбек Турабоев мағлуб шуд ва барои ба даст овардани медали биринҷӣ варзишгари покистонӣ Қайсар Хонро мағлуб кард.


Ёдовар мешавем, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Бозиҳо 18 август анҷом меёбанд. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд.
Пас аз натиҷагирии ҳашт рӯз дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 43 медали тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ (121 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 37 медали тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ (116 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






