БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгарони Тоҷикистон дар рӯзи чорум якбора се медал ба даст оварданд

Август 13, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоруми 5-ум Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия барои варзишгарони мо бобарор омад. Онҳо 12  август се медал (1 нуқра ва  2 биринҷӣ) ба даст оварданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар»  дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Медали нуқраро иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук — мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ — бо натиҷаи 7.86 метр сазовор шуд. Дар ин сабқат медали тиллоро намояндаи Узбекистон Анвар Анваров (8.01) ва медали биринҷиро варзишгари кишвари мизбон Ир Наҷотӣ (7.83) ба даст оварданд.

Дар гуштини юнонӣ-римӣ варзишгарони мо Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд. Асламҷон дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Эрон М. Паноҳистонӣ бо ҳисоби 8:0 ва Фирӯз бар варзишгари Узбекистон У. Тиркашев бо ҳисоби 8:1 дастболо шуданд.

Бозиҳо то 18 август идома меёбанд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштини юнонӣ-римӣ, камонварӣ, вазнбардорӣ, ҷудо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.

Пас аз натиҷагирии чор рӯз дар  Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 137 медал (48 тилло, 48 нуқра, 41 биринҷӣ) гардидаанд. Эрон бо 22 медали тилло, 18 нуқра, 16 биринҷӣ (56 медал) дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 18 медали тилло, 14 нуқра, 21 биринҷӣ (53 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 30-юм аст.

                                                                     АКС: КМО Тоҷикистон

Август 13, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд