ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Имрӯз ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиб ва ҷоизадорони Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, дар даври ниҳоӣ муайян хоҳанд шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
10 август бозиҳои даври чаҳоруми чемпионати CAFA-2022 баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон ва Қирғизистон бо ҳисоби 2:2 бозияшонро мусовӣ анҷом доданд.
Пас аз чаҳор даври бозии чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар ҷадвали мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Якбора се даста – Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон 5-имтиёзӣ доранд. Агар барои дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон мусобиқа аллакай анҷом шуда бошад, пас футболбозони Эрон ва Узбекистон бояд як бозии дигар анҷом диҳанд.
Дар даври ниҳоӣ имрӯз, 12 август бозиҳои дастаҳои мунтахаби ҷавонони Афғонистон – Узбекистон (оғоз – соати 18:00) ва Тоҷикистон – Эрон (оғоз – соати 21:00) дар назар аст.
Даромад ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ройгон аст.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола
Даври 4
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 3:0
Голҳо: Шаҳриёр Ҷабборов, 30 (1:0). Пӯлотхӯҷа Холдорхонов, 70 (2:0). Шаҳриёр Ҷабборов, 76 (3:0).
Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов (Салохиддин Иргашев, 78), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов (Аббос Андалибов, 78), Кабир Салимшоев (Бежан Нишонбойзода, 61), Абдулло Шарипов (Амирҷони Фаррухзод, 78), Иброҳим Зокиров (Меҳроб Асоев, 78), Салам Ашӯрмамадов, Далер Шарипов (Сунатулло Азизов, 61).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Шаҳриёр Ҷабборов (Узбекистон).
10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5500 тамошобин.
Эрон – Қирғизистон – 2:2
Голҳо: Айтенир Балбаков, 33 (0:1). Эрфан Ғорбанигавашини, 49 (1:1). Биймурза Женишбеков, 53 (1:2). Амин Пилолӣ, 90+7 (2:2).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Кристиан Браузман (Қирғизистон).
10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.
Дар даври 5-ум вомехӯранд:
12 август (ҷумъа)
18:00 – Афғонистон – Узбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
Акс: ФФТ








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






