Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Урдун доир мешавад

Август 28, 2022 10:56

ДУШАНБЕ, 28.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) санаи ниҳоӣ ва шаҳрҳои мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардон ва занон, инчунин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни мактаббачагонро эълон кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпонати Осиё миёни калонсолон аз 30 октябр то 13 ноябри соли 2022 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор хоҳад шуд. Моҳи марти имсол пойтахти Урдун мизбони Чемпионати Осиё байни ҷавонон ва наврасон буд, ки дар он варзишгарони тоҷик сазовори 8 медал, аз ҷумла 2 нуқра ва 6 биринҷӣ гардида буданд.

Мусобиқаи қаблӣ соли гузашта дар Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Ин чорабинӣ ба олимпичиён дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио кумак кард.

Чемпионати Осиё миёни мактаббачагон (писарон ва духтарон) аз 27 ноябр то 4 декабр дар Сулаймонияи Ироқ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 28, 2022 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид