Дабири кулли СММ башариятро аз афзоиши хатари яроқи ҳастаӣ ҳушдор дод

Август 8, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар ҷаҳон хавфи истифода бурдани силоҳи ҳастаӣ торафт тезу тундтар мегардад. Дар ин бора рӯзи шанбеи 6 август Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш (ДАР АКС) дар суханронӣ бахшида ба солгарди 77-уми бомбаборонкунии атомии шаҳри Хиросима аз ҷониби неруҳои амрикоӣ иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти созмони умумиҷаҳонӣ.

«Инсоният бо силоҳи оташфишон бозӣ мекунад», — зикр кард  котиби генералӣ. Ба гуфтаи Гутерриш, дар айни замон «паҳншавии босуръати буҳрон бо тобишҳои таҳдидкунандаи ҳастаӣ вуҷуд дорад». Вай аз вазъияти Шарқи Наздик, нимҷазираи Корея ва атрофи Украина ёдовар шуд. Дабири кулл аз ин пеш дар Ню-Йорк дар конфронси бознигарии Шартномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Вай инчунин иброз дошт, ки оё инсоният аз бомбаборонкунии Хиросима ибрат гирифта бошад?

ДАР АКС: Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар Хиросима

Субҳи рӯзи шанбе сокинони Хиросима, ки ҳамлаи ҳастаиро аз сар гузаронидаанд ва пайвандони онҳо дар Боғи ёдбуди сулҳи Хиросима ҷамъ омаданд, то ба поси хотири гузаштагон гул гузоранд. Соати 08:15 як лаҳза хомӯш истоданд.

Ҳавопаймоҳои неруҳои ҳавоии ИМА 6 ва 9 августи соли 1945 дар марҳилаи ниҳоии Ҷанги дуюми ҷаҳон ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки дар ғарби Ҷопон бомбаҳои атомии «Малыш» ва «Толстяк» партофтанд. Дар натиҷаи бомбаборони Хиросима ва бемории радиатсионӣ тақрибан 140 ҳазор нафар, дар Нагасаки тақрибан 74 ҳазор нафар кушта шуданд.

Акс: СММ

Август 8, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид