Дабири кулли СММ башариятро аз афзоиши хатари яроқи ҳастаӣ ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар ҷаҳон хавфи истифода бурдани силоҳи ҳастаӣ торафт тезу тундтар мегардад. Дар ин бора рӯзи шанбеи 6 август Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш (ДАР АКС) дар суханронӣ бахшида ба солгарди 77-уми бомбаборонкунии атомии шаҳри Хиросима аз ҷониби неруҳои амрикоӣ иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти созмони умумиҷаҳонӣ.
«Инсоният бо силоҳи оташфишон бозӣ мекунад», — зикр кард котиби генералӣ. Ба гуфтаи Гутерриш, дар айни замон «паҳншавии босуръати буҳрон бо тобишҳои таҳдидкунандаи ҳастаӣ вуҷуд дорад». Вай аз вазъияти Шарқи Наздик, нимҷазираи Корея ва атрофи Украина ёдовар шуд. Дабири кулл аз ин пеш дар Ню-Йорк дар конфронси бознигарии Шартномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Вай инчунин иброз дошт, ки оё инсоният аз бомбаборонкунии Хиросима ибрат гирифта бошад?
Субҳи рӯзи шанбе сокинони Хиросима, ки ҳамлаи ҳастаиро аз сар гузаронидаанд ва пайвандони онҳо дар Боғи ёдбуди сулҳи Хиросима ҷамъ омаданд, то ба поси хотири гузаштагон гул гузоранд. Соати 08:15 як лаҳза хомӯш истоданд.
Ҳавопаймоҳои неруҳои ҳавоии ИМА 6 ва 9 августи соли 1945 дар марҳилаи ниҳоии Ҷанги дуюми ҷаҳон ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки дар ғарби Ҷопон бомбаҳои атомии «Малыш» ва «Толстяк» партофтанд. Дар натиҷаи бомбаборони Хиросима ва бемории радиатсионӣ тақрибан 140 ҳазор нафар, дар Нагасаки тақрибан 74 ҳазор нафар кушта шуданд.
Акс: СММ









ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






