Дар Ашт Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ноҳияи мазкур хабар доданд, дар ҳамоиш муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон, котибон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш доир ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳ, решакан кардани экстремизм ва терроризм ва сабукиҳо дар қонунгузорӣ барои нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дода шуд.
Муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ баён дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
АКС: Маркази матбуоти МИҲД н.Ашт








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






