Дар доираи Форуми байналмилалии «Помиринвест-2022» маҳсулоти ҳунармандони Бадахшон ба намоиш гузошта шуд

Август 17, 2022 14:37

ХОРУҒ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории «Помиринвест-2022» ба кор шурӯъ намуд,ки дар он беш аз 150 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Дар доираи форум соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳунармандони касбию мардумӣ маҳсулоти дасти худро ба намоиш гузоштанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, олимону мухаққиқони дохиливу хориҷӣ ва коршиносони масоили иқтисодӣ аз намоишгоҳ дидан намуданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни ифтитоҳи Форум диққати ҳозиринро ба имконияти сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва зарфияти мавҷудаи ҳамкорӣ ва дарёфти механизми пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози андеша намуд.


Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ сухан гуфт.

Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Имомзода гуфт, ки «ҳадаф аз баргузории форум — таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони маҳаллӣ ва созмонҳои ватанию байналмилалӣ мебошад. Пас аз баррасии масъалаҳои иқтисодӣ дар фарҷоми форум бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои беҳтарини иқтисодию тиҷоратӣ шартномаҳо ба имзо расонида мешаванд».

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз падидаҳои ҷолиби солҳои охири кишварамон аст, ки ҳам зиндагии сокинони деҳотро ба маротиб боло мебарад ва ҳам фарҳанги бою ғании халқи тоҷикро дубора зинда мегардонад.


Бо мақсади татбиқи икдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо марказу корхонаҳои хурди ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсис дода шуда, барои садҳо нафар сокинони шаҳру деҳоти дурафтода имконият фароҳам оварда шуд, ки бо истифода аз ҳунар, истеъдоду маҳорат ризқу рӯзии ҳалоли худро пайдо намоянд.

Яке аз ҳунармандони маҳаллӣ Мисринамоҳ Давлатшоева гуфт, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ грантҳои президентӣ низ такони муассир бахшиданд. «Ман муддати даҳ сол аст, ки ба коркарди муина сару кор дорам. Намад, попӯш ва ҷӯроб бофта, ба бозору дӯконҳои шаҳр месупорам. Пас аз як ё ду ҳафта маҳсулотам ба фурӯш меравад. Имрӯз низ иштирокчиёни зиёди форум ба маҳсулоти дасти ман, ки дар шакли армуғон омода шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Умедворам, ки пас аз ин миҷозонам боз ҳам афзоиш меёбад. Ин форум ва дигар ҳамоишу фестивалҳо барои муаррифии молу колои ҳунармандони маҳаллӣ шароити хуб фароҳам меорад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе сохтмони яке аз иншооти зеботарин дар Осиёи Марказӣ -Театри миллӣ идома дорад
Барандагони Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ эълон шуданд
Аз Ҳисор 58 нафар ба даври минтақавии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллӣ намоиш ташкил мешавад
«РОҒУН-КОХИ НУР». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомон ифтитоҳ ёфт
Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар доираи Фестивал-озмуни «Парасту» се намоиш манзури тамошобинон гардонида мешавад
Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфаҳои нодир тақдим карда шуданд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Асарҳои офаридаи Садриддин Айнӣ шаҳодатномаи миллатанд
Дар шаҳри Ганҷа консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид